Мулоқоти қумондони Горди миллӣ бо донишҷӯёни ДДХ
Душанбе,16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти қумондони қисми ҳарбии 051056, полковники гвардия Ҳабибулло Сафаров бо донишҷӯёни хатмкунанда баргузор гардид.
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар вохӯрӣ Ҳабибулло Сафаров зикр намуд, ки ҳадаф аз ин вохӯрӣ пеш аз ҳама таҳким бахшидан ба муносибатҳои ҷузъу томҳои Горди миллӣ бо донишгоҳ буда, ба ин васила бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва хештаншиносӣ дар ниҳоди донишҷӯён мебошад.
Мавсуф иттилоъ дод, ки фаъолият дар Горди миллӣ намунаи беҳтарини матонату мардонагӣ ва ҷасорат мебошад. Гузашта аз ин ҷузъу томҳои низомии мо дорои як силсила имтиёзот аз ҷониби давлату ҳукумат мебошанд. Аз ҷумла, мо имкон дорем, ки аз тариқи озмун донишҷӯёнро баъди хатми муассисаи таҳсилоти олӣ ба ҳайси афсар ба кор кабул намоем. Ва он сарбозоне, ки дар дигар қисмҳои низомӣ адои хизмат намудаанд, баъди таҳсил дар марказҳои таълимии Горди миллӣ дар давоми 45 рӯз соҳиби рутбаи афсарӣ мешаванд.
Полковники гвардия Ҳабибулло Сафаров изҳор дошт, ки онҳо имкон доранд то 100 нафар хамткунандагони донишгоҳро ба вазифаҳои гуногуни афсарӣ дар вилояти Суғд ба кор қабул намоянд.
Муовини ректори донишгоҳ Абдулфаттоҳ Раҳимов гуфт, ки ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






