Мулоқоти қумондони Горди миллӣ бо донишҷӯёни ДДХ

Май 16, 2014 10:12

 
Душанбе,16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти қумондони қисми ҳарбии 051056, полковники гвардия Ҳабибулло Сафаров бо донишҷӯёни хатмкунанда баргузор гардид.
Тавре ки  сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод,  дар вохӯрӣ Ҳабибулло Сафаров зикр намуд, ки ҳадаф аз ин вохӯрӣ пеш аз ҳама таҳким бахшидан ба муносибатҳои ҷузъу томҳои Горди миллӣ бо донишгоҳ буда, ба ин васила бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва хештаншиносӣ дар ниҳоди донишҷӯён мебошад. 
Мавсуф иттилоъ дод, ки  фаъолият дар Горди миллӣ намунаи беҳтарини матонату мардонагӣ ва ҷасорат мебошад. Гузашта аз ин ҷузъу томҳои низомии мо дорои як силсила имтиёзот аз ҷониби давлату ҳукумат мебошанд. Аз ҷумла, мо имкон дорем, ки аз тариқи озмун донишҷӯёнро баъди хатми муассисаи таҳсилоти  олӣ ба ҳайси афсар ба кор кабул намоем. Ва он сарбозоне, ки дар дигар қисмҳои низомӣ адои хизмат намудаанд, баъди таҳсил дар марказҳои таълимии Горди миллӣ дар давоми 45 рӯз соҳиби  рутбаи афсарӣ мешаванд. 
Полковники гвардия Ҳабибулло Сафаров изҳор дошт, ки онҳо имкон доранд то 100 нафар хамткунандагони донишгоҳро ба вазифаҳои гуногуни афсарӣ дар вилояти Суғд ба кор қабул намоянд.  
Муовини ректори донишгоҳ Абдулфаттоҳ Раҳимов гуфт, ки ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. 
 
 
 
 

Май 16, 2014 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд