Мулоқоти Э. Раҳмон бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ
Душанбе, 30.05.2014 (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ мавзӯъҳои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар ва масоили вобаста ба ҳисоботи корҳои тадқиқотиву баҳодиҳии лоиҳаи “Нерӯгоҳи барқию обии Роғун” баррасӣ шуд.Сароҷ Кумар Ҷа иттилоъ дод, ки лоиҳаи ҳисобот доир ба баҳогузории иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун моҳи июн нашр карда мешавад ва моҳи июл дар вохӯрӣ бо намояндагони кишварҳои соҳили рӯди Ому мавриди муҳокима қарор мегирад. Ҳисоботи ниҳоӣ бошад, тибқи иттилои ӯ, пас аз омӯзиши афкори мардуми минтақа моҳи августи соли равон тасдиқ хоҳад шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки мавқеи ин ниҳоди муътамади байналмилалӣ дар омӯзиши ҳамаҷонибаи лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун то охир воқеъбинона ва мустақил боқӣ мемонад.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






