Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Ассамблеяи миллии парлумонии Покистон
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар»). Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи миллии парлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Айёс Содиқро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳо миёни парлумонҳо, ҳукуматҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва мардумони ду кишвар зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки парлумонҳо рафти татбиқи амалии санадҳои сершумори миёни ду кишвар имзошударо низ, аз ҷумла доир ба тадбиқи лоиаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ғайра бояд пайваста назорат намоянд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии Тоҷикистону Покистон дар мубориза бо терроризму экстремизм ва хатарҳои дигари ҷаҳони муосир сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






