Мулоқоти Э. Раҳмон бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Зиҷин
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Шӯрои директорони ширкати Зиҷин Майнинг Ван Ҷенхуаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба кори имрӯза ва ояндаи Корхонаи муштараки Зарафшон баррасӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 7 соли кор дар ин корхонаи муштарак ширкати Зиҷин Майнинг зиёда аз 235 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, беш аз 2200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо кори доимӣ таъмин кардааст. Дар корхона корҳои ғанигардонии маъдан, поксозии тиллою нуқра (аффинаж) ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо ҳамчунин комбинати коркарди мис бо иқтидори солонаи 10 ҳазор тонна бояд бунёд ёбад.
То соли 2016 дар ин ҷо бояд якчанд коргоҳҳои нави дигар бунёд ёфта, 500 ҷойи нави корӣ муҳайё гардад ва ҳаҷми истеҳсолоти корхонаи муштараки Зарафшон ба 1,5 миллиард сомонӣ расонда шавад.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барои коргарони корхонаи муштараки Зарафшон, сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






