Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чжан Чунсиан
Душанбе, 21.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бозгашт аз Шанхай дар шаҳри Урумчии ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таваққуфи кӯтоҳ намуда, бо Узви Бюрои сиёсии марказӣ, Котиби Кумитаи ҳизбии ин ноҳия Чжан Чунсиан мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон қарор дорад, баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаҳои фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу дар ҳамаи фаслҳои сол, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани сифати роҳи мошингарди миёни Тоҷикистону Чин, татбиқи босамари санадҳое, ки бо ин ноҳия ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд.Ба дурнамои робитаҳои ҳасана ва ҳусни ҳамсоягӣ баҳои баланд дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






