Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мартин Дахинден
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Мартин Дахинденро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.“Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем”- изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Аз рушди ҳамкории сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.Тавре зикр гардид, Швейтсария аз соли 1993 ба ин сӯй ба ҳайси роҳбари Гурӯҳи швейтсарии намояндагӣ дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ манфиатҳои Тоҷикистонро дар шӯроҳои иҷроияи Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо пуштибонӣ менамояд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкорӣ ва ёрии Швейтсария дар масъалаи шомил гаштани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо баҳои баланд дод.Ҳамчунин ба фаъолияти пурсамари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1998 кор мекунад, баҳои баланд дода шуд. Тавре зикр гардид, аз тариқи ин ниҳод барои татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон ба ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо карда шудааст. Ҳоло 30 лоиҳа бо маблағгузории Швейтсария мавриди татбиқ қарор дорад.Ҳамзамон Швейтсария “яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон” номида шуд. Чунонки зикр гардид, соли 2013 гардиши мол миёни ду кишвар зиёда аз 83 миллион доллари амрикоиро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2010 2,4 баробар зиёд аст.Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши бештари ҳамкории гуногунҷанба таъкид доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






