Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт

Май 2, 2014 11:57

Душанбе, 2.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносиботи Тоҷикистону Кувайт, ки тайи ду-се соли охир ба назар мерасад, изҳори хушҳолӣ карда, аз ҷумла иброз дошт: “Ман ба дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи муфид бо Давлати Кувайт хушбинам”.
Доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ низ андешаи Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки Давлати Кувайт ҳам ба рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд аст.
Бо ёдоварӣ аз мулоқоти пурсамари порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, пеш аз ҳама сармоягузории лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори нақлиётиву энергетикӣ, сайёҳӣ, маорифу тандурустӣ ва илму фан густариш меёбад. Аз ҷумла сухан дар бораи бунёди як маҷмааи табобатии мукаммали минтақавӣ, меҳмонхонаҳои хурду бузург дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҷудо кардани бурсия (квота) барои интиқоли нафт ба Тоҷикистон ва ташкили коркарди он дар корхонаҳои марбута, тавассути ҷалби сармояи кувайтӣ ба роҳ мондани коркард ва интиқоли оби ошомиданӣ аз Тоҷикистон ба Кувайт ва дигар мавзӯъҳо меравад.
Ҷониби Кувайт, ҳамчунин ба амалӣ намудани корҳои хайрия, аз ҷумла барои бунёди беморхонаи байналмилалӣ, мактабҳо, кашидани хаттҳои оби нӯшокӣ ба минтақаҳои ниёзманди Тоҷикистон, кумак ба ятимхонаҳо ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 2, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд