Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин

Май 19, 2014 11:14

 

Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “тайи 12 моҳи гузашта 3 маротиба баргузор шудани мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишварро нишонаи ҳусни ният ва рушди босуръати муносиоботи дӯстӣ ва ҳамкории самарабахш” номид.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Тоҷикистонро “ҳамсояи наку, дӯсти хуб ва шарики боътимоди стратегӣ” номида, аз рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун изҳори қаноат кард.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки 2 сол боз ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин аз 2 миллиард доллари амрикоӣ боло меравад. Аз оғози кори як қатор ширкатҳои чинӣ дар соҳаи саноати кӯҳии Тоҷикистон ва амалишавии таҷрибаҳои пешқадами кишоварзии чинӣ ҳам изҳори хушӣ карда шуд.
Доир ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла оид ба сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, навсозии роҳҳои мошингард ва бунёди иншооти нави истеҳсоли нерӯи барқ ҳам гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин изҳори хушӣ карда, таъкид дошт, ки мардуми ин кишвар ҳунари санъаткорони тоҷикро бисёр хуб пазируфтанд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Чин тасмим дорад, шумораи бурсияҳоро барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилотии ин кишвар, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг,  афзун намояд.
Атрофи рӯзномаи ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Шанхай ва омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар карда шуд.
Андешаҳои ҷолиб, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои ҳамгироии муштарак барои пешгирӣ аз олами муосир баён карда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 

Май 19, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд