Мулоқоти Президент бо роҳбари ширкати Чайна Петролиум
Душанбе, 20.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти ширкати миллии нафтии Чин, роҳбари ширкати Чайна Петролиум Ван Дун Ҷенро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи нафту газ баррасӣ шуд.Аз оғози кори ин ширкат дар Тоҷикистон дар самти ҷустуҷӯйҳои геологӣ дар мавзеъҳои ояндадори нафту газ ва татбиқи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ аз Осиёи Марказӣ ба Чин изҳори хушӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, имсол сохтмони хати чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам мегузарад, оғоз хоҳад ёфт. Ҳамкории ин ширкат бо ширкатҳои Тотал ва Тетис дар Тоҷикистон дорои дурнамои умедбахш номида шуд. Бо такя ба натиҷаҳои омӯзиши пешакӣ, изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби ин ширкатҳо дар Тоҷикистон захираҳои фаровони нафту газ пайдо карда мешавад. Таъкид гардид, ки ворид шудани ширкати миллии нафтии Чин ба бозори Тоҷикистон оғозбахши марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд.Дар ҳошияи мулоқот миёни Тоҷикистон ва ширкати миллии нафтии Чин созишнома ба имзо расид, ки ҳамкории ду ҷонибро дар самтҳои мазкур танзим хоҳад кард.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






