Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо роҳбари ширкати ТВЕА

Май 19, 2014 16:43

 
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар шаҳри Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин роҳбари ширкати ТВЕА Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сершумори энергетикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Бо ёдоварӣ аз кори пурсамари ҳаштсолаи ин ширкат дар Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, изҳори боварӣ карда шуд, ки лоиҳаҳои минбаъда низ аз ҷониби ин ширкат бо сифати баланд ва мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ амалӣ карда мешаванд.
Тавре зикр гардид, давоми 2 моҳи оянда навбати дуюми Маркази барқугармии дуюми Душанбе ба кор дароварда мешавад ва иқтидори он ба 100 мегаватт баробар мешавад. Доир ба бунёди боз ду навбати дигари ин марказ бо иқтидори 300 мегаватт низ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт. Бо амалӣ шудани ин лоиҳа иқтидори маркази мазкур ба 400 мегаватт расонда хоҳад шуд.
Чжан СИН изҳор дошт, ки ширкати ТВЕА бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор иншооти иҷтимоӣ, аз  ҷумла маркази таълимӣ доир ба омодасозии кадрҳои соҳаи электроэнергетика ва мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар шаҳри Душанбе бунёд намуда, ҳамзамон дар навсозии қисмате аз роҳҳои маҳаллӣ низ иштирок хоҳад кард.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 19, 2014 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст