Мулоқоти Рустам Назаров бо Ричард Вуд
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров бо Ричард Вуд — муовини Сафири Британияи Кабир мулоқот намуд.
Директори Агентӣ ба меҳмон оид ба вазъи маводи нашъаовар ва минтақа, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва боло рафтани мусодираи ҳашиш дар қаламрави Тоҷикистон иттилоот дод.
Муовини Сафир изҳор намуд, ки омода аст баҳри амалӣ намудани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013-2020» саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар анҷоми мулоқот дурнамои рушди ҳамкорӣ байни агентӣ ва Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






