Мулоқоти С.Тағоева бо Дидйе Леруа
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 5 майи соли 2014 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева бо Сафири фавқулода ва Мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидйе Леруа вохўрд.Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи вазорат, дар ҷараёни вохўрӣ тарафҳо оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти Ташкилоти Ҷамъиятии гуманитарии «Кўдакон, гурезаҳо ва шаҳрвандони азияткашида» (RCVC) ибрози назар карданд. Дар вохӯрӣ қарор дода шуд, ки барои идома додани ҳамкорӣ дар самти рушди малакаҳои меҳнатии кўдакону ҷавонон, аз ҷумлаи камбизоатону маъюбон, табақаи осебпазири аҳолӣ ва тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии онҳо тавассути таълими касбию техникӣ лоиҳаи созишнома ба имзо расонида шавад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






