Мулоқоти Ш. Саид бо Ҷ.Лиф
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид 20 май дар Душанбе роҳбари лоиҳаи USAID оид ба тиҷорат ва мусоидат ба Афғонистон (АТАР) дар Тоҷикистон Ҷули Лиф ва мушовир доир ба мусоидати тиҷории Лоиҳаи USAID АТАР Темур Нуриддиновро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз ПСС ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот дар хусуси ҳамкории дуҷониба, ташкили вохурии ҳайати соҳибкорон дар шакли В2В бо иштироки роҳбарон ва намояндагони палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва сохторҳои тиҷоратӣ, ҳамчунин ташкили Шӯрои соҳибкорони «Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон» ва имзои шартномаи сеҷониба дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар Душанбе табодули афкор сурат гирифт.
Ҷ.Лиф қайд намуд, ки яке аз вазифаҳои калидии лоиҳаи АТАР дастгирӣ ва мусоидат дар рушди тиҷорати байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ , роҳҳои баланд бардоштани иқтидори содироти минтақа мебошад.
Коршиносони лоиҳаи АТАР вазъиятро дар кишварҳои минтақа аз ҳисоби афзалиятҳои минтақавӣ, омилҳои истеҳсолӣ омӯхта, мавқеи худро дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳамкориҳои мутақобилаи бисёрҷониба, ташкили шарту шароит барои пешрафт ва тиҷорати босамар, тезонидани раванди пешравии маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои хориҷро муайян намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






