Мулоқоти Ш.Саид бо А.Ретерсон
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – Рӯзи ҷумъаи гузашта раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид Сафири Шоҳигарии Шветсия дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон Аке Ретерсон ва роҳбари лоиҳаи Шӯрои байналмилалӣ оид ба тиҷорат Эрик Эдлингро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, иброз доштанд, ки барои рушду густариш ёфтани ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, молия ва илму техника мусоидат хоҳанд кард.
Шариф Саид дипломати олимақомро аз рушди устувори ҷумҳурӣ, татбиқи барномаҳои иқтисодӣ, вазъи мусоиди маблағгузорӣ, ҷойҳои шоёни диққати кишвар воқиф намуда, зикр кард, ки қонунҳои ҶТ таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқӣ барои фаъолияти судманди тоҷиронро мегузорад.
Бо ибтикори ПСС ҶТ ҳар сол ҳазорҳо нафар мутахассисон ва сохторҳои тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва дар шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ намоишгоҳу ярмаркаҳо доир менамоянд.
Аке Ретерсон изҳор дошт, ки ҷониби Шветсия ба рушди ҳамкорӣ бо ПСС ҶТ мароқ зоҳир намуда, омодааст, ки ба барқарор шудани равобити кории байни аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар мусоидат кунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






