Мулоқоти Зариф Ализода бо Элизабет да Кошта

Май 21, 2014 11:35

Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 19-уми май Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо муовини намояндаи минтақавии шуъбаи минтақавӣ барои Осиёи Марказии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Элизабет да Кошта мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ Зариф Ализода иброз дошт, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ аз оғози фаъолияташ панҷ сол пур мешавад, дар самти ҳимоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба як силсила пешравиҳо ноил гардид. Зикр гардид, ки дар ин давра сохтори институтсионалии мақомот таъсис ва такмил дода шуда, барои фаъолияти самараноки он санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардид. Илова ба ин, оид ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти мақомот маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Сипас, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, маъюбон ва дигар қишрҳои осебпазири аҳолӣ, вазъи муассисаҳои иҷрои ҷазо, ратификатсияи санадҳои байналмилалӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, масъалаҳои озодиҳои динӣ ва дигар масоили мубрами ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар кишвар ва минтақа ибрози ақида намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Ваколатдор хабар доданд, дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миёни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи минтақавӣ барои Осиёи Марказии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон изҳори омодагӣ намуданд. 
 
 
 
 

Май 21, 2014 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад