Мулоқоти Зариф Ализода бо Элизабет да Кошта
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 19-уми май Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо муовини намояндаи минтақавии шуъбаи минтақавӣ барои Осиёи Марказии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Элизабет да Кошта мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ Зариф Ализода иброз дошт, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ аз оғози фаъолияташ панҷ сол пур мешавад, дар самти ҳимоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба як силсила пешравиҳо ноил гардид. Зикр гардид, ки дар ин давра сохтори институтсионалии мақомот таъсис ва такмил дода шуда, барои фаъолияти самараноки он санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардид. Илова ба ин, оид ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти мақомот маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Сипас, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, маъюбон ва дигар қишрҳои осебпазири аҳолӣ, вазъи муассисаҳои иҷрои ҷазо, ратификатсияи санадҳои байналмилалӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, масъалаҳои озодиҳои динӣ ва дигар масоили мубрами ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар кишвар ва минтақа ибрози ақида намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Ваколатдор хабар доданд, дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миёни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи минтақавӣ барои Осиёи Марказии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон изҳори омодагӣ намуданд.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд






