Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон
Душанбе, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар»).-Масоили рушди муносибот ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт, ки “рушди муносибот бо Туркманистон аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар навбати худ муносиботи ду кишварро “бо суръат рушдёбанда” номида, ҳвмзамон ба роҳбарияти Тоҷикистон барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои байналмилалии Туркманистон арзи сипос намуд.
Доир ба масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тавсиаи робитаҳои нақлиётӣ, аз ҷумла нақлиёти заминию ҳавоӣ, зоҳир гардид. Масоили вобаста ба тезондани сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дар маркази таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарор дошт.
Гуфтугӯйи судамнд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию ояндаи Афғонистони ҳамсоя ва ҳам дигар мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Пас аз анҷоми музокирот 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии “Эргаш Султонов”-и ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон барои солҳои 2014-2016;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2015-2016;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои соли 2015;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлат ва ҳуқуқи назди Президенти Туркманистон;
Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ.
Сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба натиҷаи мулоқоту музокирот баҳои баланд дода, ба дурнамои рушди муносибот ва ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон изҳори хушбинӣ карданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






