Муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ошкор шуд
Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). -Тавре ки сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар сокини ноҳияи Турсунзода бо гумони бастани аҳди ғайриқонунӣ бо металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дастгир шуданд.«Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дасти Азизҷон Муҳиддинови 21-сола як селофани полиэтиленӣ, ки дар дохилаш 6 адад санги қиматбаҳои ҳаҷмашон гуногун буд, дарёфт ва гирифта шуд. Пас аз ташхис маълум шуд, ки сангҳои қиматбаҳои мазкур ба навъи сангҳои “зумуррад” мансуб ҳастанд. Зимни чорабиниҳои иловагӣ муайян шуд, ки дастгиршуда сангҳои мазкурро аз шаҳрванд Раҷабалӣ Қаюмзодаи 22-сола ба маблағи 1000 доллари амрикоӣ харидааст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад», — зикр менамояд сарчашма.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






