Муроҷиати зиёда аз 10 ҳазор нафар ба ХМ
Душанбе,30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар панҷ моҳи соли равон ба Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе 10 ҳазору 600 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд.
Аз шумораи муроҷиаткунандагон 10 265 нафар мард ва 335 нафари дигарро зан ташкил медиҳад. Барои беҳтар намудани фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, шаҳрвандон бе касбу корро ба Муассисаҳои таълимӣ барои омӯзиши забони русӣ ва касб фиристанд.
Дар айни замон аз 10 600 нафар шаҳрванди муроҷиат намуда, 442 нафар барои омӯзиши забони русӣ ва 513 нафар барои касбомӯзӣ ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шуд.
Ба ғайр аз ин, нисбат ба 1382 нафар шаҳрванди мамлакат маҳдудияти воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Русия муайян шудааст.
Аз аввали сол то инҷониб ба шаҳрвандон 31 424 адад буклет оид ба қонунгузориҳои нави Федеролии Русия тақдим шудааст.
Кормандони раёсат корҳоро дар ин самт дар оянда низ идома хоҳанд дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






