Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий дар Боку
Душанбе, 28.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Каспий ба Боку сафар кард. Мусобиқаи анъанавӣ аз 28-уми май то 6-уми июни соли равон дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ баргузор мешавад. Дар мусобиқа футболбозони то 17-сола ширкат меварзанд. Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Ҷопон (29-уми май) ва Гурҷистон (30-юми май) рақобат мекунад.Гуфта мешавад, дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, ба даври ниманиҳоӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, барои ҷойҳои 5-8-ум ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охирин қарор мегиранд, барои ҷойҳои 9-12-ум талош хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






