Мусодираи сангҳои қиматбаҳо дар Хоруғ
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Кормандони милитсия бо гумони қочоқи ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид сокини 34 — солаи ноҳияи Мурғоб Галдибой Сатторовро дастгир намуданд.
Тибқи иттилои ВКД номбурда рӯзи 13 май дар ҳудуди шаҳри Хоруғ дастгир шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 2 кг 145 грамм сангҳои гуногуни рангашон сурхчатоб дарёфт ва мусодира шуданд.
Сарчашма хабар медиҳад, ки мутобиқи маълумотномаи мутахассисон сангҳои мазкур ба сангҳои табиии ёқут мансуб мебошанд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш аз рӯи ҳодиса идома дорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






