Мусодираи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ аз сокини ноҳияи Фирдавсӣ
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми азназаргузаронӣ аз махфигоҳ 1 адад автомати Калашников, 231 адад тири автомати қутрашон 7,62 мм, 1 адад шашкаи тротилии вазнаш 100 гр, 2 адад норинҷаки дастии РГД-5 ва Ф-1, 2 адад тарконакҳои УЗРГМ ва 1 адад корди махсус бо ғилофаш дарёфт ва мусодира намуданд. Дар айни замон тафтиш давом дорад ва сарчашмаи ба даст овардани силоҳу муҳимоти ҷангӣ муайян шуда истодааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






