Мусоидат ба пешгирии бекорӣ
Ҳамадонӣ, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар ноҳияи Ҳамадонӣ тибқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ» барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шахсони бешуғл ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ дар курсҳои кутоҳмуддати тахассусӣ дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 60 нафар ҷавони ноҳия тавассути ташкили ярмарка ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 388 нафар корҷӯй мувофиқи тахассус ба ташкилоту муассисаҳои ноҳия роҳхат дода шуд. Барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавондухтарони деҳот дар ҷамоатҳои деҳоти Панҷоб ва Меҳнатобод аз рӯи 3 ихтисос- дӯзандагӣ, кор бо компютер ва омӯзиши забони хориҷӣ курсҳои кутоҳмудат таъсис дода шуданд.
Бо мақсади паст кардани сатҳи бекорӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар ин давра 3 ярмаркаи ҷои кор гузаронида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






