«Муттаҳидсозии варзишгарони имконияташон маҳдуд»-семинар
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи байниминтақавии варзишгарони маъюб» ҳафтаи гузашта дар Маҷмааи варзишии «Самандар- 21»-и шаҳри Турсунзода семинар дар мавзӯи «Муттаҳидсозии варзишгарони имконияташон маҳдуд ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо» баргузор гардид. Дар семинар муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон С.Бобохонов дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд» маърӯза намуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВҲИ иттилоъ доданд, дар семинари мазкур доир ба фаъолият ва салоҳиятҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва самти фаъолияти он дар ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд намояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маърӯза намуд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи байниминтақавии варзишгарони маъюб» бо дастгирии намояндаи Фонди «Абилис» дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шахсони имконияташон маҳдудро ба варзиш ҷалб намуда, дар чорабиниҳои варзишии минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки онҳоро дастгирӣ намояд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






