«Муттаҳидсозии варзишгарони имконияташон маҳдуд»-семинар

Май 27, 2014 09:09

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи байниминтақавии варзишгарони маъюб» ҳафтаи гузашта дар Маҷмааи варзишии «Самандар- 21»-и шаҳри Турсунзода семинар дар мавзӯи  «Муттаҳидсозии варзишгарони имконияташон маҳдуд ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо» баргузор гардид. Дар семинар муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон С.Бобохонов дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд» маърӯза намуд. 
  Тавре ки аз хадамоти матбуоти ВҲИ иттилоъ доданд, дар семинари мазкур доир ба фаъолият ва салоҳиятҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва самти фаъолияти он дар ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд намояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маърӯза намуд.
            Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи байниминтақавии варзишгарони маъюб» бо дастгирии намояндаи Фонди «Абилис» дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шахсони имконияташон маҳдудро ба варзиш ҷалб намуда, дар чорабиниҳои варзишии минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки онҳоро дастгирӣ намояд.
 
 
 
 

Май 27, 2014 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст