Н. Зоиров: «Шоҳнома» ба пиру барнои тоҷик ошност»

Май 14, 2014 08:52

 
Душанбе, 14.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар шаҳри Тойибоди устони Хуросони Разавии Эрон дуюмин ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон ва шоҳномапажӯҳони шинохта — доктор Аббоси Хайрободӣ, доктор Фарзин, доктор Мавдудӣ — баргузор гардид.
       Назрихон Зоиров — мушовири фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар ин ҳамоиш ширкат намуда, гуфт ки:  «Шоҳнома» асари оламшумули форсӣ дар ҷаҳон аст ва дар Тоҷикистон пиру барно бо он ошноанд. Дар кишвари мо, — афзуд Н. Зоиров,- қадри «Шоҳнома» ва гӯяндаи онро медонанду аҷргузорӣ менамоянд. Фиристодаи Тоҷикистон афзуд, ки муҷассамаи Фирдавсӣ дар пойтахти Тоҷикистон гузошта шуда, Китобхонаи бузург ва ноҳияе дар Душанбе номи ин нобиғаи бузургро дорад. Аз рӯи достонҳои безаволи  «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар замони Шӯравӣ чандин филмҳои ҷолибу диданӣ дар Тоҷикистон рӯи навор оварда шуданд. Ҳамчунин  маҳфилҳои шоҳномахонӣ ҳар сол дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор гардида, «Шоҳнома» ваҷҳи муштараки мо — мардумони форсизабон аст ва ҳаммонанди ин шоҳкор дар адабиёти ҷаҳонӣ дида намешавад, таъкид кард Фиристодаи Тоҷикистон.
       Дар ҳамоиш ҳамзамон гӯшае бо Парчами давлатии Тоҷикистон ва  нашрҳои гуногуни «Шоҳнома» ва осори пажӯҳишии марбут ба ин ҳамосаи беназир ба намоиш гузошта шуданд. Инчунин филми мустанад доир ба Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки он барои муаррифии Тоҷикистон ва тақвияти равобити мутақобилан судманди ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
  Ҳамоиши мазкур бо иқдоми «Бунёди Фирдавсии Тӯс» доир шуд ва Солеҳи Мусавиён — тарроҳ ва муҷассамасози эронӣ нимпайкараи Ҳакими Тӯсиро ба Сафорати Тоҷикистон тақдим намуд.8.45.
 
 
 
 
 

Май 14, 2014 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик