“Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти раванди ҷаҳоншавӣ”-конфронс
Душанбе, 24.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз бахшида ба рӯзи ҷавонон дар Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони: «Нақши ҷавонон дар ҳалли мушкилоти раванди ҷаҳонишавӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва дигар олимону академикҳо, инчунин олимони ҷавони АИТ иштирок доштанд. Тавре ки дар ин бора котиби масъули АИТ Сайёҳат Иброҳимова хабар дод, дар кори конфронс беш аз 90 олими ҷавон ва аспирантҳо маъруза карданд.Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни чорабинии мазкур дар симои олимони ҷавон тамоми ҷавонони Тоҷикистонро бо рӯзи идашон табрик намуда, иброз доштанд, ки ҷавонони Тоҷикистон бояд на танҳо ифтихори давлати худ, балки ифтихори тамоми тоҷикони дунё гарданд ва умед пеш аз ҳама ба олимони ҷавони Тоҷикистон дорем, ки онҳо дар оянда илми тоҷикро дар тамоми дунё машҳур месозанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






