Нақши Конститутсия дар ташаккули ҳокимияти судӣ

Май 22, 2014 15:29

 
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). –6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни бузург — 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ  ба нақши Конститутсия дар рушди устувори соҳаҳои гуногуни  хоҷагии  халқ баҳои баланд дода шуд. Зикр гашт, ки «Конститутсия  ҳамчун  бахтномаи миллат  ва санади  бунёдии сиёсӣ, роҳи минбаъдаи  пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд». Дар робита ба ин раиси суди вилояти Хатлон Муҳаббатхон Азизова андешаҳояшро чунин иброз намуд:
-Сарқонун таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мураккабу қисматсоз,  дар марҳалаи аввали ташаккули давлатдории миллии  тоҷикон қабул гардид, ки ин самараи ҷаҳду талошҳои пайгирона ва ҳадафҳои созандаи Президенти мамлакат баҳри бунёди давлати демократӣ  ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ  мебошад. Бояд зикр кард, ки Сарқонуни  ҶТ бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон ва бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар санадҳои  муҳим, аз қабили Эъломияи ҳуқуқи башар, Аҳдномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои   шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ таҳия шуда, ба тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Сарқонуни давлати мо аз тарафи созмонҳои бонуфузи  байналмилалӣ, давлатҳои мутараққии дунё, коршиносон ва мутахассисон баҳои баланд гирифта, имрӯз дар радифи беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои олам  қарор дорад.
 Ислоҳоти низоми сиёсии мамлакат аз қабули Сарқонун оғоз ёфта, сохтори конститутсионии давлати мустақили Тоҷикистонро муайян намуд ва моҳияти давлату давлатдориро барои оянда таъйин кард. Сарқонуни  ҶТ асосҳои сохтори конститутсионӣ, иҷтимоӣ — иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, вазъи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, сохту тартиби воҳидҳои  марзию маъмурӣ ва принсипҳои  демократияро дар худ таҷассум менамояд.
 Аҳамияти бузурги таърихӣ ва байналмилалии  Сарқонун дар он аст, ки  Тоҷикистон як қисми ҷудонашавандаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон шуд ва тавассути он кишвари мо воҳиди баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ буда, сиёсати хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии давлат ба роҳ мемонад.
 Дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат оид ба  риояи ҳатмии Сарқонун ибрози назар намуда, гуфт, ки «Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, қадамҳои устувор мегузорем». Воқеан, муқаррароти Сарқонунро дар ҶТ ҳама риоя мекунанд ва ин меъёри конститутсионӣ  буда, дар моддаи 42 нишон  дода шудааст: «Дар  Тоҷикистон  ҳар шахс вазифадор аст, ки Сарқонун ва қонунҳоро  риоя  кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром  намояд».
 Сарвари Давлат мувофиқи моддаи 64-и Сарқонун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи  ин  талаботи   конститутсионӣ, ҳамаи сохторҳо баҳри  ташаккули  давлати  демократӣ  ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ  бо ҳадафҳои  созанда ва бунёдкорона   фаъолият намуда истодаанд. 
 Мувофиқи моддаи 69 Сарқонун яке аз салоҳиятҳои  Президенти ҶТ муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии  ҷумҳурӣ аст. Ин салоҳияти худро  Президенти мамлакат дар асоси моддаи 55 Сарқонун  дар ҷаласаи  якҷояи  Маҷлиси  миллӣ  ва  Маҷлиси  намояндагон  ҳар сол бо Паём баён менамояд. 
 Дар давлати демократӣ риояи Сарқонун ва қонунҳо бояд меъёри муқаррарӣ бошад. Дар ин бора дар Паём гуфта шудааст: «Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд. Итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад».
Сарқонуни  Тоҷикистони  соҳибистиқлол ба ислоҳоти системаи судии  мамлакат заминаи  воқеӣ гузошт. Аввалин  маротиба дар Сарқонун ҳокимияти судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ба тариқи конститутсионӣ муайян гардиданд, ки ин яке аз равандҳои  рушди  ҷомеаи демократӣ мебошад. Дар Паёми Президенти  мамлакат ба Маҷлиси  Олӣ, аз 20 апрели соли 2012, омадааст: «Баъди қабули Конститутсияи  кишвар  ва  ҳамчун  шохаи  ҳокимияти  давлатӣ  эътироф  гардидани  суд  давлат  ҷиҳати  таҳкими асосҳои  он  пайваста таваҷҷуҳ зоҳир  менамояд». 
 Дар банди 2-и моддаи 14 Сарқонун зикр гардидааст, ки: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешавад. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроияи маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
Ба  Сарқонун  мувофиқи талаботи  давру замон, дар  натиҷаи   дигаргуншавии  ҳаёти   сиёсӣ ва  ҷамъиятӣ тағйиру иловаҳо ворид   мешаванд. Масалан, ба Сарқонуни  ҶТ ду маротиба 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Бори аввал бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ тағйиру иловаҳо ба Сарқонун, ки Комиссияи оштии миллӣ  таҳия  намуда  буд ва бо  мақсади  амалӣ  гардондани  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон пешниҳод  ва бо  роҳи  раъйпурсии умумихалқӣ  қабул шуд.
 Бори дуюм  як гурӯҳ аъзои  Маҷлиси миллӣ  ва  вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои  конститутсионии худ истифода бурда, бо мақсади амиқ гардондани ҷараёни демократӣ дар ҷомеа ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба Сарқонун тағйиру иловаҳо пешниҳод карданд, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардиданд.
 Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи демократии давлатдориро пеш гирифтааст ва дар Сарқонун дарҷ гардидааст, ки риояи он вазифаи ҳар як шахс аст. Аз ин рӯ,  зарур аст, ки ҳар як шаҳрванд Сарқонунро омӯзад, донад ва риоя кунад. Риояи ҳатмии Сарқонун кафолати  ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, асоси ташаккули давлати  демократӣ ва ҷомеаи  шаҳрвандӣ  мебошад.
 

 

Май 22, 2014 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад