Намоишгоҳи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Май 7, 2014 16:07

            Кӯлоб, 7.05.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймони  Хол).- Дар шахри Кӯлоб бо ибтикори Палатаи савдо ва  саноати Ҷумхурии Тоҷикистон, ташкилоти «ТМ Интернейшл» намоишгоҳи таълимию сайёҳӣ баргузор гардид.  Ба гуфти созмондиҳандагон ин 10-умин намоишгоҳи байналмиллалии таълимию сайёҳӣ мебошад. Ба намоишгоҳи таълимию сайёҳӣ, ки бори нахуст дар шаҳри Кулоб баргузор шуд, шумораи зиёди хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб даъват шуданд.    
           Дар намоишгоҳ зикр шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаҳои гуногунсамти давлатию сармоягузориро тарҳрезӣ менамояд ва баргузории намоишгоҳи таълимию сайёҳии байналмилалӣ  пулест, ки фазои таҳсилоти кишвари моро бо хориҷи мамлакат мепайвандад. Инчунин тавассути ин намоишгоҳҳо толибилмони Тоҷикистон имконияти таҳсил дар дигар кишварҳои дунёро пайдо мекунанд.

Май 7, 2014 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст