Намоиши асарҳои рассоми тоҷик дар Санкт -Петербург
Душанбе, 28.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Намоиши асарҳои рассоми тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Вафо Назаров дар нигористони “Мастер-Класс”-и шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Назаров дар муддати беш аз 30 соли фаъолияти эҷодии хеш бо ҳунарҳои офаридаи худ Тоҷикистонро дар беш аз 40 кишвари дунё муаррифӣ кардааст. Асарҳои ба намоиш гузоштаи Вафо Назаров дар мавзӯъҳои гуногун ва тарзу усулҳои гуногун офарида шудаанд, ки сокинону рассомони касбии шаҳри Санкт-Петербург пас аз тамошо ба манзараҳои офаридаи ӯ баҳои баланд доданд. Ёдовар мешвем, ки Вафо Назаров бо унвони фахрии «Доктори фахрии фалсафа дар соҳаи ҳунари ҷаҳонӣ» сазовор дониста шуда, дипломро ба ӯ ректор, профессор, академик Санти Ҷаясекера тақдим кард.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






