Намоиши нигораҳои нодири мавзеи Ғелот
Душанбе, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба Рӯзи осорхонаҳо дар Осорхонаи муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб 18 май «Рӯзи дарҳои кушод» эълон гардида, аз соати 8 то 21 тамошои ройгон ба роҳ монда мешавад. Тавре ки аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, шоми ин рӯз дар майдони назди фаввораи назди Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб ҳунарнамоии ҳофизону мутрибони ҷавон дар назар аст. Дар давоми рӯз бо ширкати намояндагони расмии ҳукумати шаҳр, олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб таҳти унвони «Осорхона-ифодагари таърихи тамаддун» мизи мудаввар баргузор мегардад.
Инчунин дар Хона-музейи шоир ва ҳофизи халқ Сайдалӣ Вализода бо иштироки кормандони илмии муҷтамеъ, толибилмони мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи шаҳри Кӯлоб, адибон Ҳақназар Ғоиб, Лутфӣ Хомӯш, Хосият Вализода бахшида ба 600-солагии шоири классики тоҷику форс Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ баргузории конфронс дар назар аст.
Ҳамзамон нигораҳои нодире, ки аз ҷониби бостоншинос Миралӣ Куганов аз мавзеи Ғелот ёфт шудаанд, дар давоми 15 рӯз дар толори таъриху археологияи Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб ба маърази тамошо гузошта мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






