Нашри рисолаи дипломатҳои тоҷик

Май 7, 2014 15:46

Душанбе, 7.05.2014(АМИТ «Ховар», Назир Назиров). — Нашриёти «Ирфон» рисолаи илмии дипломатҳои тоҷик Ҳамрохон Зарифӣ ва Аҳмадҷон Сатторов «Тоҷикистону Хитой: ташаккули сарҳадҳои давлатӣ” — ро зери таҳрири умумии академик Т.Назаров аз чоп баровард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» яке аз муаллифони рисола  Ҳ.Зарифӣ иттилоъ дод, китоб ба муайянсозии хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Хитой дар қисмати мушкилгузари ҷониби шарқии  кӯҳҳои Помир дар баландии аз 4100 то 6700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгирбуда бахшида шудааст. Аз ҷумла, дар рисола ба вохӯриҳои чандинкаратаи ҳайатҳо, гурӯҳҳои корӣ, мулоқотҳои сатҳи олӣ бо мақсади ҳалли масоили сарҳадӣ бо ҶМЧ ва таъмини амнияти миллии  Тоҷикистон  таваҷҷӯҳ  дода шудааст.  
Ба гуфтаи муаллиф  дар рисола маводҳои зиёди воқеии тасдиқкунанда оид ба масъалаи мазкур ҷой дода шудааст, ки Тоҷикистон мушкилоти марзии бо кишвари ҳамсоя чандин аср мавҷудбударо судмандона ва созанда ҳал карда, манфиатҳои миллӣ ва амнияти ҷониби шарқии марзи худро таъмин намудааст.
 

Май 7, 2014 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст