Нашри рисолаи дипломатҳои тоҷик
Душанбе, 7.05.2014(АМИТ «Ховар», Назир Назиров). — Нашриёти «Ирфон» рисолаи илмии дипломатҳои тоҷик Ҳамрохон Зарифӣ ва Аҳмадҷон Сатторов «Тоҷикистону Хитой: ташаккули сарҳадҳои давлатӣ” — ро зери таҳрири умумии академик Т.Назаров аз чоп баровард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» яке аз муаллифони рисола Ҳ.Зарифӣ иттилоъ дод, китоб ба муайянсозии хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистон ва Хитой дар қисмати мушкилгузари ҷониби шарқии кӯҳҳои Помир дар баландии аз 4100 то 6700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгирбуда бахшида шудааст. Аз ҷумла, дар рисола ба вохӯриҳои чандинкаратаи ҳайатҳо, гурӯҳҳои корӣ, мулоқотҳои сатҳи олӣ бо мақсади ҳалли масоили сарҳадӣ бо ҶМЧ ва таъмини амнияти миллии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дода шудааст.
Ба гуфтаи муаллиф дар рисола маводҳои зиёди воқеии тасдиқкунанда оид ба масъалаи мазкур ҷой дода шудааст, ки Тоҷикистон мушкилоти марзии бо кишвари ҳамсоя чандин аср мавҷудбударо судмандона ва созанда ҳал карда, манфиатҳои миллӣ ва амнияти ҷониби шарқии марзи худро таъмин намудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






