Наваскарон қасам ёд карданд

Май 13, 2014 10:06

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). —  Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қисми низомии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) омада, наваскаронро ба муносибати қабули Савганди ҳарбӣ табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки роҳбарияти ВКД кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тамоми шароити хубро барои хизмат муҳайё намояд. Ин қисми ҳарбӣ — қисми махсус буда, сарбозон метавонанд баъди адои хизмат, дар оянда ҳамчун милитсионер дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намоянд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро пас аз маросими қасамёдкунӣ аз нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, ки нав сохта шудааст, дидан намуд. 
Вазири корҳои дохилӣ аз осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД, ки дар дараи хушманзара ва хушобуҳавои Ромит ҷойгир аст, дидан намуд. Дар айни замон дар ин мавзеъ корҳои ободонӣ ва таъмиру тармим идома дорад. Мавсуф ба хотири боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ, ҷойи будубош, ошхона, майдони варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва дигар иншоотҳо, ки барои истироҳату фароғати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва шаҳрвандон пешбинӣ гардидаанд, дастуру супориш дод.
 
 
 

Май 13, 2014 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад