“Нелегал-2014” давом дорад

Май 29, 2014 10:04

Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷират  дар вилояти Суғд,  аз 12 майи соли 2014 дар вилоят марҳилаи аввали амалиёти махсус бо номи шартии “Нелегал-2014” оғоз гардид, ки он то охири моҳи май давом хоҳад кард. Мақсад аз гузаронидани чунин чорабинии муштарак, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегузаронанд, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон  мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои нақшавӣ гурӯҳи санҷишии раёсат 20 ва 21-уми майи соли ҷорӣ дар ду давр дар бозори ҷаҳонии Тоҷикистону Чин “Сомон” ва ҶДММ “Шоҳроҳи Абрешим” амалиёти санҷишӣ гузаронд. Тибқи маълумоти раёсат дар  ин бозорҳо шаҳрвандони хориҷӣ бештар фаъолият мебаранд.
Гурӯҳи санҷишии раёсат зимни амалиёт ҳамзамон дар байни аҳли бозорҳо корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд. 

Май 29, 2014 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе