“Нелегал-2014” давом дорад
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи иттилои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, аз 12 майи соли 2014 дар вилоят марҳилаи аввали амалиёти махсус бо номи шартии “Нелегал-2014” оғоз гардид, ки он то охири моҳи май давом хоҳад кард. Мақсад аз гузаронидани чунин чорабинии муштарак, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегузаронанд, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои нақшавӣ гурӯҳи санҷишии раёсат 20 ва 21-уми майи соли ҷорӣ дар ду давр дар бозори ҷаҳонии Тоҷикистону Чин “Сомон” ва ҶДММ “Шоҳроҳи Абрешим” амалиёти санҷишӣ гузаронд. Тибқи маълумоти раёсат дар ин бозорҳо шаҳрвандони хориҷӣ бештар фаъолият мебаранд.
Гурӯҳи санҷишии раёсат зимни амалиёт ҳамзамон дар байни аҳли бозорҳо корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






