Нишасти аҳли тиҷорати Шэнси ва Тоҷикистон
Душанбе, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати ҶТ 28 май дар шаҳри Душанбе нишасти намояндагони аҳли тиҷорати музофоти Шэнсии ҶМЧ ва соҳибкорони Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мақсад аз ин чорабинӣ шиносоӣ бо имкониятҳои иқтисодию инвеститсионии кишвар ва гуфтушуниди аҳли тиҷорати Чин бо намояндагони сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистон аст.
Ба ҳайати Чин намояндагони бахшҳои мухталифи тиҷорат шомиланд. Онҳо ҷонибдори ҳамкорӣ бо саноати истихроҷи маъдан ва коркарди фулузот, индустрияи сохтмонӣ, фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, тавлиди матоъ, либос, коркарди абрешим, маҳсулоти кишоварзӣ, содироти меваю сабзавоти музофоти Шэнсии ҶМЧ мебошанд.
ПСС Тоҷикистон ба манзури рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба ва васеъ намудани фазои иттилоотӣ омода аст, ки созишномаи ҳамкориро бо Палатаи савдо ва саноати музофоти Шэнси имзо намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






