Низоми кредитӣ ва мушкилоти он
Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конфронси илмӣ -амалӣ дар мавзӯи «Низоми кредитии таҳсилот, мушкилот, таҷриба ва роҳҳои ҳалли он» доир гардид, ки гузоришоту маърӯзаҳои устодони донишгоҳу намояндагони дигар макотиби олии кишварро фарогир шуд.
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳори назар кард, ки ин низом, ки дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё ҷорӣ шудааст, аз устод дониши саҳеҳу малакаи касбӣ ва аз донишҷӯ худомӯзиро тақозо мекунад. Ӯ ба иштирокдорони конфронс барор хоста, таманно кард, ки дар ҳамбастагӣ роҳҳои ҳалли мушкилот ва бурди соҳаро пайгирӣ хоҳанд намуд.
Устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ Алишер Ҷӯраев гуфт, ки низоми кредитии таҳсилот дар донишомӯзии донишҷӯён нақши калон мебозад. Донишҷӯ тахминан 70 фоиз худаш бояд мустақилона кор кунад. Вазифаи муаллим роҳ нишон додан, мавод додан ва ҳавасманд кардани ҳамон донишҷӯст. Ин низом дар чандин давлат мавриди амал қарор дорад. Ба изҳори мавсуф, яке аз мушкилоти асосӣ дар ин самт он аст, ки донишҷӯёни мо дар даст маводи асосиро надоранд. Бояд заминаи моддӣ-техникиро мустаҳкам гардонем, агар ба донишҷӯ маводи асосиро бидиҳем, ӯ худ мустақилона меомӯзад.
Дар конфронс иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Масоили ҳалталаби низоми кредитӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Татбиқи низоми кредитӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он», «Такомули таъминоти иттилоотии раванди таълим дар низоми таҳсилоти кредитӣ» маърӯза намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






