Оғози музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Беларус
Душанбе, 24.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди қасри Истиқлоли шаҳри Минск оғоз ёфт.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани ҷузъутомҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, гузашти сарони ду давлат аз назди қатор, арзи салом кардани меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфт.Александр Лукашенко ба Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки Шумо барои ман ва мардуми Беларус ҳамеша меҳмони дилхоҳ ҳастед. “Тоҷикистону Беларус ва мардумони ду кишвар дӯсту бародаранд ва мо, роҳбарони давлатҳо низ мутобиқ ба ҳамин гуна муносибат амал мекунем”.Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко барои даъват ва пазироии бародарона ва барои дастгирии доимӣ аз Тоҷикистон арзи сипос намуд. Изҳори сипос ҳамчунин доир ба кумак дар омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот карда шуд.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






