Оғози сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн

Май 27, 2014 20:52

Душанбе, 27.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Шоҳигарии Баҳрайн шуд.Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти Баҳрайн, шаҳри Манама Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Муовини сарвазири Шоҳигарӣ шайх Алӣ ибни Халифа оли Халифа ва дигар шахсони расмӣ бо эҳтирому самимияти олӣ истиқбол гирифтанд. Ба истиқболи меҳмони олимақом дар фурӯдгоҳ сарбозони горди фахрии Подшоҳи Шоҳигарӣ саф оростанд. Парчамҳои давлатии ду кишвар парафшон буд.Зимни сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн шайх Ҳамад ибни Исо оли Халифа, раисони ҳарду палатаҳои парлумони Шоҳигарӣ, роҳбарони бузургтарин бонкҳои кишвар ва дигар шахсиятҳои воломақом мулоқотҳои судбахш анҷом дода, дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок хоҳад намуд. Ба имзо расидани 8 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои андозбандӣ, ташвиқ ва ҳимояи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, тандурустӣ, фарҳанг, туризм ва доир ба машваратҳои хориҷӣ дар назар аст.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Май 27, 2014 20:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад