Оқибати фоҷиавори сархушӣ

Май 5, 2014 16:29

Душанбе, 5.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, 25 апрели соли равон, тахминан соати 15:30-дақиқа ронандаи мошини тамғаи «BMW»,, Орзуев Саймурод Алиевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Чорсадаи ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи мазкур қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба симчӯби ноқилҳои барқ бархӯрда, онро зада афтонидааст. 
Баъд аз шунидани ин хабар кормандони шуъбаи БДА-и шуъбаи ВКД дар ноҳияи Нуробод ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳолати корро пурра муайян карданд.
Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки ронанда С.А. Орзуев дар ҳолати сархушӣ қарор дошт. Бинобар ин, кормандони шуъбаи БДА  номбурдаро барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ  ба беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод оварданд. Мувофиқи протоколи муоинаи ҳолати мастӣ таҳти №956 аз 25.04.с.2014 ронанда С.А. Орзуев дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.
Манбаъ зикр менамояд, ки аз тарафи кормандони шуъбаи БДА шуъбаи ВКД нисбат ба ӯ бо моддаи 332 қисми 1- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи зарурӣ тартиб дода шуд.
Сипас кормандони шуъбаи БДА аз дидбонгоҳи Лаби Ҷар ронанда Орзуев Саймурод Алиевичро барои ба хона рафтан ҷавоб дода, ба мошини шаҳрванд Саидов Қурбоналӣ Мирзоҳамидович, сокини деҳаи Комсомолободи ноҳияи Нуробод савор карданд.
  29 апрели соли 2014 падари ронанда Алӣ Орзуев бо ариза ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Нуробод муроҷиат карда, гуфтааст, ки писараш С. Орзуев муддати се шабонарӯз беному нишон ғайб задааст.
Бо супориши роҳбарияти шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур ҳайати шахсӣ барои кофтукови С.А. Орзуев вазифадор шуд. Рӯзи 30 апрели соли 2014 аз тарафи кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Нуробод ҷасади С. Орзуев дарёфт шуд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки номбурда ҳангоми гузаштан аз болои пули дарёи Чанор, ки баландиаш тахминан 60-70 метрро ташкил медиҳад, афтида ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса аз тарафи гурӯҳи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Нуробод ва кормандони Прокуратура маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.
 
 

Май 5, 2014 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд