Омилҳои таъсирбахши ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонон
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия вохӯрии донишҷӯён-хатмкунандагони факултаи ҳуқуқ бо кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ шинос намудани хатмкунандагони донишгоҳ бо самтҳои асосии фаъолияти агентӣ ва шартҳои қабул ба кор буд. Дар вохӯрӣ сухан атрофи огоҳ намудани ҷавонон аз сӯйистеъмоли маводи нашъаовар, ҷалб намудани онҳо ба нашъамандӣ, зарари истеъмоли маводи нашъаовари синтетикӣ, мушкилоти ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҷанбаҳои тиббӣ ва иҷтимоии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар рафт. Инчунин омилҳои таъсирбахши ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонон баррасӣ гардиданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






