Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони оянда

Май 13, 2014 11:00

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Ҳукумати ҶТ», бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва босуботи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ва ҳамоҳангсозии корҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015, Ҳукумати ҶТ аз 3 майи соли ҷорӣ Қарори «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015»-ро тасдиқ намуд.
Ба вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки то санаи 15-уми ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои пешбининамудаи банди 1 қарори мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Барои ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 бояд Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани  соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам  ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 таъсис дода шавад. 
Вазорати рушди иқтисод ва савдоро зарур аст, ки то 20-уми  ҳар моҳ маълумоти ҷамъбастиро оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ба баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ манзур намояд. 
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон якҷоя бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мониторинги иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар маҳалҳо ба роҳ монад.  
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири ҶТ-сарпарасти соҳа вогузор  шудааст. 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Май 13, 2014 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад