Омодагӣ ба паради ҳарбӣ
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат таъмини амният ва ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистонро бар уҳда доранд, хизматчиёни ҳарбии он кӯшиш доранд, ки чорабинии муҳими сиёсиву таърихӣ, яъне 20-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ дар сатҳи баланд таҷлил шавад.Бо ин мақсад, ҳоло ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳои қудратии мамлакат дар майдони Дустӣ барои паради ҳарбӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд ва пас аз як ҳафта расми гузашти низомиро доир хоҳанд намуд.Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ доданд, паради ҳарбӣ ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ пешбинӣ шуда, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар он иштирок менамоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






