Оё истифодаи антибиотикҳо манфиат дорад?
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 7 майи соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саҳми тибби собитшуда барои баланд намудани ёрии тиббӣ ва таҳсилоти тиббӣ» ба кори худ оғоз кард.
Дар кори он мутахассисони соҳаи тиб, омӯзгорони донишгоҳи давлатии тиббӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналхалқии USAID дар Тоҷикистон, ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҶТ, барномаи GIZ «Тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ/Тоҷикистон» иштирок доранд.
Мақсад аз баргузории конфронс мубодилаи таҷриба ва баррасии нақши тибби собитшуда дар баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ ва таҳсилоти тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, самтҳои асосии он ҳамбастагии тибби собитшуда бо раванди таҳсилот дар сатҳи тодипломӣ ва баъдидипломӣ, нақши тибби собитшуда барои баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ ва мушкилоту монеаҳо дар роҳи тадбиқи тибби собитшуда мебошад.
Тавре ки Дилором Султонова, мутахассиси пешбари Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тибби ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ баён дошт, мавзӯи интихобшуда имрӯз хеле рӯзмарра мебошад. «Маълумотҳое, ки мо солҳои зиёд мегирифтем, аллакай кӯҳнашудаанд ва мо аз навовариҳои соҳаи тиб хеле ақиб мондаем. Имрӯз мутахассисони соҳаи тиб имкон пайдо намуданд, ки тариқи Маркази захираҳои исботшудаи тиб (МЗИТ), ки аз соли 2007 бо дастгирии лоиҳаи «Здрав плюс» фаъолият дорад, тамоми маълумоти лозимиро дастрас намоянд»,- гуфт Дилором Султонова.
Ба қавли номбурда, имрӯз мардум ошиқи истеъмоли зиёди дору мебошад ва ин гумроҳӣ аст. Имрӯз тиб собит сохтааст, ки истеъмоли доруи зиёду гарон сифати беҳтар будани маводи доруворӣ ва тезтар муолиҷа ёфтани бемор намебошад.
Мақсади МЗИТ ташкил ва ҷустуҷӯи маълумотҳои иттилоотию захиравии тибби исботшуда, самаранокии дахолати тиббӣ ва бо мақсади беҳбуди сифати хизматрасонии тиббӣ истифода бурдани он дар таҷрибаи нигаҳдории тандурустии ҶТ ба ҳисоб меравад.
Алишер Маҳмудов, директори техникии Лоиҳаи «Тандурстии босифат»-и USAID, аз ҷумла гуфт: «Барномаи мо инчунин дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суғд ва шаҳри Ваҳдат амалӣ мегардад. Ба наздикӣ мо нақша дорем, ки дар байни аҳолӣ корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронем, то аҳолӣ дарк кунад, ки ҳар бемориро набояд бо антибиотикҳо, доруҳои сахттаъсиру гаронарзиш муолиҷа кард. Танҳо дар мавриди дарки аҳолӣ мушкилии истифодаи антибиотикҳо бартараф мешавад».
Конфронс имрӯз то бегоҳ идома хоҳад ёфт.