Озмуни журналистон бахшида ба Ҳайдар Алиев анҷом меёбад
Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои Азамат). – Озмун барои таҳияи маводи беҳтарини журналистӣ дар мавзӯи «Ҳайдар Алиев – асосгузор ва меъмори Озарбойҷони навин», ки Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда буд, анҷом меёбад. Мувофиқи шартҳои озмун, мӯҳлати охирини қабули маводҳо 6 майи соли ҷорӣ мебошад. Хотирнишон месозем, ки ба озмун ҳамаи хоҳишмандоне даъват шуда буданд, ки маводҳои эҷодкардаашон дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷалла ё сомонаҳои Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ чоп шудаанд.Журналистон вазифадор буданд, ки маводи қаблан дар ВАО чопшудаашонро бо қайди «Ба озмун» ба Сафорати Озарбойҷон фиристанд.Тавре ки дар Сафорати Озарбойҷон хотирнишон сохтанд, ғолибони озмун 7 май соли ҷорӣ дар сомонаи www.azembassy.tj Сафорат эълон шуда, мукофотҳои ғолибони он дар маросими чорабинӣ ба ифтихори зодрӯзи Ҳайдар Алиев — 7 май супурда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






