Озмуни журналистон бахшида ба Ҳайдар Алиев анҷом меёбад

Май 6, 2014 10:39

Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои Азамат). – Озмун барои таҳияи маводи беҳтарини журналистӣ дар мавзӯи «Ҳайдар Алиев – асосгузор ва меъмори Озарбойҷони навин», ки Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда буд, анҷом меёбад. Мувофиқи шартҳои озмун, мӯҳлати охирини қабули маводҳо 6 майи соли ҷорӣ мебошад. Хотирнишон месозем, ки ба озмун ҳамаи хоҳишмандоне даъват шуда буданд, ки маводҳои эҷодкардаашон дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷалла ё сомонаҳои Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ чоп шудаанд.Журналистон вазифадор буданд, ки маводи қаблан дар ВАО чопшудаашонро бо қайди «Ба озмун» ба Сафорати Озарбойҷон фиристанд.Тавре ки дар Сафорати Озарбойҷон хотирнишон сохтанд, ғолибони озмун 7 май соли ҷорӣ дар сомонаи www.azembassy.tj Сафорат эълон шуда, мукофотҳои ғолибони он дар маросими чорабинӣ ба ифтихори зодрӯзи Ҳайдар Алиев — 7 май супурда мешаванд.

Май 6, 2014 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад