Парлумон „Дастрасӣ ба маблағгузории сабз“-ро ба тасвиб расонд
Душанбе, 21.05.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).- Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба татбиқи Лоиҳаи „Дастрасӣ ба маблағгузории сабз“ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд /БОР/-ро вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 21 май ба тасвиб расониданд. Ҷамолиддин Нуралиев- муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи санади мазкур дар Парлумон гуфт, ки ин лоиҳа дар заминаи беҳтар намудани дастрасии маблағгузорӣ тавассути ба роҳ мондани роҳҳои алтернативии истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ татбиқ мешавад.
Зикр гардид, ки Созишномаи грантӣ 19 августи соли 2013 барои татбиқи дастрасӣ ба маблағгузории сабз дар Душанбе ба имзо расидааст. Ҳадафи лоиҳаи мазкур ба воситаи дастгоҳҳои муосири барқии каммасраф дастрас намудани неруи барқи мунтазам аз нигоҳи экологӣ тоза ба аҳолӣ ва корхонаҳои хурд ҷиҳати сарфа намудани неруи барқ равона мегардад.
Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 11,87 миллион $-ро ташкил дода, аз он 10 миллион $ гранти БОР, 0,75 миллион $ кумаки техникии Хазинаи Ҷопон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 0,98 миллион $ ҳиссаи қарзгирандагони фаръӣ ё ташкилотҳои хурди қарзӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,14 миллион $ -ро ташкил медиҳад. Лоиҳаи мазкур серсоҳа буда, барои устувор ва рушди молиявии бахши хусусии кишвар тавассути маблағгузории хурди қарзӣ мусоидат намуда, диверзификатсияи рушди соҳаи энергетикиро таъмин менамояд.
Чамолиддин Нуралиев афзуд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази идораи лоиҳа, ки дар назди Вазорати молияи кишвар таъсис дода шудааст, амалӣ ва таҳти назорати доимӣ қарор мегирад. Маркази мазкур бо ташкилотҳои хурди қарзӣ тибқи талаботи Созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 8,7 миллион $ , бо меъёри Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол шартномаи зерқарзӣ ба имзо мерасонад. Шартҳои ҷудо намудани карз тиҷоратӣ набуда, имтиёзнок аст. Ва қарзҳои хурд ба маблағи аз 200 то 5 ҳазор $ тавассути ташкилотҳои хурди қарзии „Имон Интерншнл“ ва „Арванд“, ки аз ҷониби БОР интихоб ва пешниҳод гардидаанд, ба мардум дода мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






