Парлумон „Дастрасӣ ба маблағгузории сабз“-ро ба тасвиб расонд

Май 21, 2014 16:30

     Душанбе, 21.05.2014.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-  Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба татбиқи Лоиҳаи „Дастрасӣ ба маблағгузории сабз“ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд /БОР/-ро вакилони палатаи поёнии  Парлумони Тоҷикистон 21 май ба тасвиб расониданд.  Ҷамолиддин Нуралиев- муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи санади мазкур дар Парлумон гуфт, ки ин лоиҳа дар заминаи беҳтар намудани дастрасии  маблағгузорӣ тавассути ба роҳ мондани  роҳҳои алтернативии истифодаи  таҷҳизоти каммасрафи барқӣ татбиқ  мешавад.  
          Зикр гардид, ки Созишномаи грантӣ  19 августи соли 2013 барои татбиқи дастрасӣ ба маблағгузории сабз дар Душанбе ба имзо расидааст.  Ҳадафи лоиҳаи мазкур  ба воситаи дастгоҳҳои муосири барқии каммасраф дастрас  намудани неруи барқи  мунтазам аз нигоҳи экологӣ тоза  ба аҳолӣ ва корхонаҳои хурд ҷиҳати сарфа намудани неруи барқ равона мегардад. 
      Маблағи умумии лоиҳаи мазкур  11,87 миллион $-ро ташкил дода, аз он 10 миллион $ гранти БОР,   0,75 миллион $ кумаки техникии Хазинаи Ҷопон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 0,98 миллион $ ҳиссаи қарзгирандагони фаръӣ ё ташкилотҳои хурди қарзӣ   ва саҳми  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 0,14 миллион $ -ро ташкил медиҳад. Лоиҳаи мазкур серсоҳа буда, барои устувор ва рушди молиявии  бахши хусусии кишвар тавассути маблағгузории хурди қарзӣ мусоидат намуда, диверзификатсияи рушди соҳаи энергетикиро таъмин менамояд. 
         Чамолиддин Нуралиев афзуд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази идораи лоиҳа, ки дар назди Вазорати молияи кишвар таъсис дода шудааст, амалӣ ва таҳти  назорати доимӣ қарор мегирад. Маркази мазкур бо ташкилотҳои хурди қарзӣ тибқи талаботи  Созишномаи грантӣ дар ҳаҷми  8,7 миллион $ , бо меъёри Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол шартномаи зерқарзӣ ба имзо мерасонад. Шартҳои ҷудо намудани карз тиҷоратӣ набуда, имтиёзнок аст.  Ва қарзҳои хурд ба маблағи аз 200  то 5 ҳазор $   тавассути ташкилотҳои хурди  қарзии  „Имон Интерншнл“ ва „Арванд“, ки аз ҷониби БОР интихоб ва пешниҳод гардидаанд, ба мардум дода мешаванд. 

Май 21, 2014 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!